Кӯдакони солим — устувории ҷомеа
Душанбе, 20.08.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бо мақсади пешгирии фавти модару кӯдак, солимии занон, масъалаҳои танзими оила ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Раёсати тандурустӣ ва телевизиони вилояти Суғд дар тарабхонаи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд маҳфили навбатии «Клуби дугонаҳо»-ро таҳти унвони «Кӯдакони солим — устувории ҷомеа» баргузор намуд.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар маҳфил занони фаъоли вилоят, собиқадорони соҳаи тандурустӣ ва табибоне, ки дар самти сиҳатии модару кӯдак фаъолият мебаранд, иштирок намуданд.
Аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустии вилоят саҳначаҳои ҷолиб дар мавзӯъҳои танзими оила, беҳдошти сиҳатии модару кӯдак ва хусусияти фоидабахшии шири модар намоиш дода шуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






