«Кӯкнор-2014» чӣ қадар кӯкнорро нобуд кард?
Душанбе, 8.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Мутобиқи қарори Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва Нақшаи ташкил ва гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2014” аз 5 то 7-уми августи соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Рӯшон, Ванч ва Дарвози ВМКБ ҷаласаҳои сайёри Ситоди вилоятӣ оид ба гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2014” баргузор гардиданд. Дар ҷаласаҳо масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ноҳия оид ба ташкил намудани иҷроиши қарорҳои дахлдор нисбат ба гузаронидани марҳилаи дуюми амалиёти “Кӯкнор-2014, камбудиҳои ҷойдошта дар рафти кор ва роҳҳои ислоҳи онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Зикр гардид, ки дар чорчӯбаи амалиёт дар ноҳияи Ванҷ 14 хазор бех кишти банги ҳиндӣ несту нобуд карда шуд. Инчунин шаҳрванди Язғулом бо 28 грамм маводи нашъаовари навъи афюн дастгир карда шуд.Дар ноҳияи Дарвоз дар чорчӯбаи амалиёт 3 нафар бо даст задан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир шуда, инчунин як нафар шаҳрванди ноҳия бо 4,5 кг маводи нашъаовар боздошт гардид.Дар ҷаласаҳои сайёр қарор қабул карда шуд, ки фаъолияти ситодҳои ноҳиявӣ дар самти ошкор ва қатъ намудани роҳҳои интиқоли маводи нашъаовар ба вилоят, гузаронидани чорабиниҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ пурзӯр карда шавад.








Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд






