“Кӯкнор-2014” дар Ишкошим ва Роштқалъа
Душанбе, 13.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Рӯзҳои 12 ва 13 августи соли 2014 дар ноҳияҳои Ишкошим ва Роштқалъа ҷаласаҳои кории ситоди вилоятии «Кӯкнор-2014” ва Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистифодаи маводи нашъаовар баргузор гардиданд.Ҷаласаҳоро сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар М. Ҳайдарзода гузаронид. Дар кори ҷаласаҳо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, шуъбаи кор бо занон ва оила иштирок намуданд.Чорабиниҳои мазкур бо мақсади ташаккул додани корҳои пешгирикунандаи сӯистеъмоли маводи нашъаовар, тарғиби ҳаёти солим, инчунин ошкор ва қатъ намудани роҳҳои интиқоли маводи нашъаовар, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил карда шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






