Кӯлоб: 44 амрия ҷиҳати манъи фурӯш

Август 20, 2014 11:08

Кӯлоб, 20.08.2014.(АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Кормандони шуъбаи санҷишии Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва  нозироти  савдои  гурӯҳи  шаҳру   ноҳияҳои Кӯлоб  дар давоми  моҳи равон 162 корхона, ташкилот ва соҳибкоронро  мавриди санҷиш қарор дода, дар натиҷа 11 намуд маҳсулоти  ғайристандартиро ошкор карда, ба маблағи 2040 сомонӣ ҷарима таъйин карданд. Инчунин дар ин муддат  шуъбаи  назорати савдо дар  310  нуқтаи савдо ва хӯроки умумӣ санҷиш гузаронида, 50 амрияи ислоҳотӣ, 44  амрияи манъи фурӯш, 74 ҷарима ба соҳибкорон ба маблағи  16 ҳазору 560  сомонӣ муайян кард. Гуфта мешавад, ки дар зарфи ҳафт  моҳи соли ҷорӣ  кормандони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия  ва нозироти  савдои  шаҳру ноҳияҳои  Кӯлоб  дар умум  1 ҳазору 643  корхонаву  ташкилот   ва соҳибкорро  мавриди санҷиш қарор додаанд. 
 

Август 20, 2014 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад