Кӯшиши муштарак пеши роҳи “вабои аср”-ро гирифт
Душанбе, 23.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштарак бо Вазорати корҳои дохилии Афғонистон боз як гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаро безарар гардониданд. Кормандони фаврии ин ниҳод кӯшиши интиқоли миқдори махсусан калони маводи нашъаоварро аз давлати ҳамсоя ба Федератсияи Русия пешгирӣ намуданд. Дар натиҷаи амалиёти байналмиллалии бисёрмарҳила, ки якчанд моҳ давом ёфт, аз рӯи усули “интиқоли назоратшаванда” фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷиноиро, ки хислати байналмиллалӣ дошт, қатъ намуданд. Дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъаовари навъи ҳашиш мусодира гардида, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон боздошт гардиданд.
Кормандони фаврии ин ниҳод дар қаламрави шаҳри Душанбе мошини тамғаи “ Mercedes-Benz ” таҳти идораи зода ва сокини ноҳияи Фархор, якҷоя бо мусофири он — сокини ҳамин ноҳия боздошт гардид. Ҳангоми азназаргузаронии мошин 77 дона бастаи маводи ҳашиш бо вазни 100 кг-ро дарёфт намуданд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои иловагӣ боз як аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша — сокини 53-солаи вилояти Тахори Афғонистон дастгир гардид.
Нисбат ба ҳодисаи мазкур аз тарафи шуъбаи тафтишоти агентӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. Бо мақсади ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамаи аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша қарор карда шуд, ки гурӯҳи байналмиллалии тафтишотӣ созмон дода шавад. Ин дуюмин амалиёт дар давоми як моҳи охир мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






