Коллеҷи милитсия барои ятимону бепарасторон
Душанбе, 11.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бинои мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Кӯлоб, коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ, оид ба қабули ятимон, бепарасторон, фарзандони бесаробонмондаи оилаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар, инчунин дигар шаҳрвандон оид ба тайёр намудани мутахассисони воҳидҳои махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шуд, ки қабули хатмкунандагон ба ин муассисаи таълимӣ оғоз гардид.Дар ин бора ВКД ҶТ хабар медиҳад.Аз рӯйи маълумот бармеояд, ки коллеҷи мазкур довталабонро пас аз хатми таҳсилоти миёнаи нопурра (баъди синфи 9) ва таҳсилоти ҳамагонӣ (баъди синфи 11) аз ятимхонаҳо, мактаб-интернатҳо ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ қабул менамояд.Дар коллеҷ хонандагон аз фанҳои асосҳои давлат ва ҳуқуқ, забонҳои хориҷӣ, адабиёт ва ғайра маълумот гирифта, ҳамзамон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба арзишҳои олии Ватан, инчунин тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар давоми 4 ва 2 сол таълим мегиранд.Бояд зикр намуд, ки ба он ятимону бепарасторон, фарзандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон фавтидаанд ва дигар шаҳрвандон ҷалб карда мешаванд.«Пас аз хатми Коллеҷи милитсия ба хатмкунандагон рутбаи лейтенанти милитсия дода шуда, онҳо метавонанд бо ихтисоси азхуд намудаашон, то ба рутбаи капитани милитсия дар воҳидҳои таъиноти махсус фаъолият намоянд. Инчунин онҳо метавонанд баъди хатми Коллеҷи мазкур таҳсилро дар Академияи ВКД ё макотиби олии кишвар идома диҳанд. Дар коллеҷи мазкур шароити мусоид аз қабили ҷойи хоб, таълим ва истироҳату фароғат муҳайё гардидааст», — хабар медиҳад сарчашма.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






