Конибодом: омӯзиши қоидаҳои муҳоҷирати бехатар
Душанбе, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар асоси нақшаи ҳамкории муштараки Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» 25 августи соли 2014 дар шаҳри Конибодом корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар радифи намояндагони Раёсат ва ТҶ «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон», намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла раисони ҷамоатҳои деҳот ва кумитаҳои маҳаллаҳо мусоидат намуданд.
Дар чорабиниҳо, пеш аз ҳама, қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, моҳияти тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Русия вобаста ба муҳоҷират ва аҳамияти гирифтани полиси суғуртавӣ ба шаҳрвандон фаҳмонида шуданд.
Тавре ки аз шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, дар вохӯрии мазкур зиёда аз 70 нафар фаъоли шаҳри Конибодом иштирок намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






