Конститутсия бахтномаи миллат аст

Август 6, 2014 15:19

Душанбе, 6.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). –Аввалин муваффақияти назаррас дар ҳаёти давлатдории тоҷикон баъд аз ба даст овардани Истиқлолият аз 9 сентябри соли 1991 ин қабули Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи сиёсию ҳуқуқии кишвар саҳифаи навро боз намуд. Ин санад таҷассумгари соҳибихтиёрӣ ва ормонҳои ҳазорсолаи халқу миллат мебошад. Аввалин маротиба чунин санади бонуфузро худи халқ тавассути раъйи умумӣ қабул намуд. Бо ин санад таъсиси давлати навин соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона дар харитаи сиёсии ҷаҳон расмӣ гардид.
-Нақши Конститутсияи ҶТ дар ҷомеа ё худ чаро Конститутсия бахтномаи миллат мебошад?
 
Ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» судяи Суди ноҳияи Рудакӣ Орзу Абдуллоев чунин ҷавоб дод:
 
-Дар ҷомеаи имрўзаи тоҷикон Конститутсия (Сарқонун) аҳамияти бағоят бузург дорад. Он ифодагари ормонҳои миллӣ буда, халқи Тоҷикистон заминаҳо ва самтҳои инкишофи давлати миллӣ ва ояндаи худро маҳз дар он гузоштааст.Фаҳмиши муосири конститутсия ва нақши воқеии он дар ҷомеа аз гуногунпаҳлуӣ ва мураккабии он шаҳодат медиҳад. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати мураккаби сиёсию ҳуқуқӣ дар таъмини суботи кишвар, созмони сохтори давлатдорӣ ва таъмини истиқлолият нақши бориз дорад. Ҳанўз дар Қарори Шўрои Олии ҶТ «Дар бораи эълони истиқлолияти давлатии ҶТ» зарурати қабули Конститутсия пешбинӣ шуда буд. Дар таҳияи Конститутсияи амалкунанда чанд гурўҳи корӣ таъсис ёфта, дар се давра омода шудааст.Махсусан давраи сеюми таҳиянамоӣ таваҷҷуҳро талаб менамояд. Таҳияи Конститутсияи нав пас аз баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии ҶТаз нав оғоз гардид. Иҷлосияи мазкур дар таърихи барқароргардии давлати Тоҷикистон нақши бузург бозидааст. Дар ин иҷлосия қарор «Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Шўрои Олии ҶТ аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи (Қонуни асосии) ҶТ қабул гардид, ки дар асоси он Комиссияи нави конститутсионӣ таъсис ёфт. Аз ин ҷиҳат, таъкид оид ба он, ки Конститутсияи ҳоло амалкунандаи ҶТ натиҷаи амалӣ гаштани қарорҳои таърихии иҷлосияи XVI Шўрои Олии ҶТ мебошад, қобили дастгирист. Бо қарори иҷлосияи ҳабдаҳуми Шўрои Олӣ аз 26 июни соли 1993 дар ҳайати комиссияи мавҷудаи конститутсионӣ тағйирот ворид шуд. Раиси комиссия Эмомалӣ Раҳмон – он замон Раиси Шўрои Олии ҶТ интихоб гардид. Баъд аз ин амал кори комиссия ҷоннок гардида, лоиҳаи Конститутсия аз нав таҳия шуд. Моҳи апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсия дар ду тарзи нигориш омода гашт. Комиссияи конститутсионӣ дар натиҷаи муҳокимаи моддаҳои лоиҳаи Конститутсия, ки шакли идораи президентиро ҳимоя менамуд, маъқул дониста, онро барои муҳокимаи умумихалқӣ дар матбуот нашр кард. Иҷлосияи бистуми Шўрои Олии ҶТ муҳлати раъйпурсиро 6 ноябри соли 1994 муқаррар намуд. Бале, маҳз рўзи 6 ноябр, рўзи сарнавиштсоз, рўзе, ки имрўз мо чун иди миллӣ ҷашн мегирем, рўзе, ки ҳуқуқи худмуайянкунии халқи тоҷик воқеан амалӣ гашт, орзуҳои дерина ҷомаи амал пўшид. Аз фаъолии сиёсии мардуми тоҷик ва ҷонибдории онҳо ба Конститутсияи амалкунанда рақамҳои зерин шаҳодат медиҳанд: дар 64 ҳавзаи овоздиҳӣ 2685724 шаҳрванд ба рўйхат гирифта шуда, дар раъйпурсӣ (2535437 нафар) 94,4 дарсад ширкат варзида, ба ҷонибдории Конститутсия (2352554 н) 87,59 дарсад, муқобили Кон¬ститутсия (105300 н) 3,92 дарсад овоз доданд.Бо мақсади такмили низоми сиёсӣ ва давлатии кишвар, амиқ гардонидани унсурҳои демократӣ дар ҷомеа, такмили тартиби таъмини кафолатҳои ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани асосҳои конститутсионии инкишофи минбаъдаи иқтисоди озод ва соҳибкорӣ ва бо назардошти ба вуқўъ пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию сиёсӣ, ки дар таъмини суботу оромии баргаштнопазири ҷумҳурӣ ифода меёбад, ба Конститутсияи ҶТ ду маротиба (26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003) тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.Дар сохтори дилхоҳ конститутсия асосҳои сохтори конститутсионӣ мустаҳкам мегардад. Бо ин васила конститутсия дар ҷомеа тартиботро ҷорӣ менамояд, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандро муайян мекунад, усулҳои муносибати мутақобилаи шахс ва давлатро асос мегузорад. Вазифаҳо ва асосҳои ташкили фаъолияти мақомоти давлатӣ, шакли фаъолияти онҳо дар конститутсия мустаҳкам мегарданд. Бо ин роҳ ҳад ва хислати танзими давлатии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ танзим карда мешавад.Аввалин маротиба дар Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ қайд гардид, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Қобили зикр аст, ки эътирофи дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрии инсон аз дастовардҳои муҳимтарини Конститутсияи ҶТ буда, хусусияти хоси он мебошад, ки дар дигар давлатҳо чунин меъёр мушоҳида намешавад.Мувофиқи Конститутсия дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ҳамчунин мафҳуми халқи Тоҷикистон дақиқ шудааст: халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд. Қабул шудани Конститутсияи амалкунандаи ҶТ тариқи раъйпурсӣ худ шаҳодати баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ аст.Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зўрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурўҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.Дар Конститутсия асосҳои сиёсати хориҷии кишвар мустаҳкам шудааст. Тоҷикистон сиёсати сулҳҷўёнаро пеша кардааст. Дар заминаи муқаррароти мазкур имрўз Ҳукумати ҶТ сиёсати «дарҳои кушода»-ро ба роҳбарӣ гирифта, фаъолият карда истодааст. Тавре дар Паёми Президенти ҶТ аз 26 апрели соли 2013 омадааст, «Сиёсати хориҷии ҶТ аз оғози соҳибистиқлолии кишвар то ба имрўз яке аз василаҳои асосӣ ва муҳимтарини муаррифии кишварамон ҳамчун давлати пешбарандаи сиёсати “дарҳои кушода” дар арсаи байналмилалӣ мебошад ва мо бо дарназардошти манфиатҳои миллиамон ин сиёсатро минбаъд низ идома хоҳем дод».Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.Бо мақсади назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Тоҷикистон мақомоти прокуратура таъсис дода шудааст. Ҳолати ҳуқуқии ин мақомот дар боби нуҳи Конститутсия (моддаҳои 93-97) муқаррар шудааст.Тибқи моддаи 19 Конститутсия ба ҳар шахс кафолати ҳифзи судӣ дода шудааст. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Бо мақсади таъмини амалии ин ҳуқуқ дар Тоҷикистон ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ва амалисозандаи адолати судӣ мақомоти судӣ таъсис дода шудааст. Мақомоти судӣ унсури муҳимтарини ҷомеаи демократӣ мебошад. Ҳолати ҳуқуқии он дар боби ҳаштуми Конститутсияи ҶТ (моддаҳои 84-92) мустаҳкам шудааст.Фаъолияти судҳо имрўз зери таваҷҷуҳи хосаи сарвари давлат қарор дорад. Дар чандин баромад ва паёмҳо Президенти ҶТ ба ин масъала ишора мекунанд. «Баъди қабули Конститутсияи кишвар ва ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани суд давлат ҷиҳати таҳкими асосҳои он пайваста таваҷҷўҳ зоҳир менамояд. Дар ин раванд давра ба давра татбиқ шудани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва дар доираи он такмилу таҳким бахшидан ба сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ, мустаҳкам намудани асосҳои моддиву техникии онҳо ва беҳтар кардани вазъи ҳуқуқиву иҷтимоии судяҳо аз ҷумлаи ин тадбирҳо ба шумор меравад. Дар навбати худ ҳокимияти судӣ вазифадор аст, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро меҳвари фаъолияти худ қарор дода, тавассути қабули санадҳои одилонаву қонунӣ татбиқи дурусти меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо адолати судиро таъмин намояд» (Паёми соли 2012). «Фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост. … вобаста ба такмили минбаъдаи сохтори судӣ, таҳкими мустақилият ва масъулияти судҳо, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо, рушди қонунгузории соҳа ва дигар самтҳои фаъолияти мақомоти судӣ тадбирҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд» (Паёми соли 2011).Ҳамин тавр, дар маҷмўъ метавон гуфт, ки Конститутсия тарзи ҳаёти ҳаррўзаи моро таҷассум намуда, ифодаи ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷомеаи мо мебошад.Сарвари давлат пайваста таъкид мекунанд, ки Сарқонуни кишвар Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд.Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид. Воқеан, садаи гузашта барои тоҷикон сарнавиштсоз буд. Соли 1991 давлати тозабунёди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба вуҷуд омад. Дар як муддати кўтоҳ ин давлати тозабунёдро аксари давлатҳои ҷаҳон эътироф намуда, бо он муносибати иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва дипломатӣ барқарор намуданд. Вазифаҳои навро бе Конститутсия ҳал кардан номумкин буд.Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад. Конститутсия рамзи давлатдорӣ аст.Конститутсияи ҶТ аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Дар Конститутсияи ҶТ сохибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикисон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шаклҳои давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.Конститутсияи ҶТ дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад. Он нахустин Қонуни асосии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, ки пас аз таърихи беш аз ҳазорсолаи аз байн рафтани давлати Сомониён барпо гардид.Сарфи назар аз тафовути зиёд ва дигаргуниҳо дар Конститутсияи амалкунанда ворисият нигоҳ дошта шудааст. Дар он урфу одат ва суннатҳои бумӣ ба назар гирифта шудаанд. Дуруст аст, ки «…дар мақоми амал ва дар баррасии амалкарди низомҳои сиёсӣ наметавон урфҳо ва суннатҳои решадорро нодида гирифт ва яке аз манобеи ҳуқуқи асосӣ ҳамин урфҳо, суннатҳо ва русуми решадор аст». Гузашта аз он, метавон таъкид кард, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон рўҳияи санадҳои давлатдории ниёгонамон, аз қабили «Доди Дориюш», «Номаи тансар», «Мотикони ҳазор додситон» ва хусусан Эъломияи Куруши Кабир, ки аз аввалин санади ҳуқуқи башар дониста мешавад, таҷассум гардидааст.Беҳуда нест, ки Конститутсияи ҶТ аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ сазовори баҳои баланд гардида, аксари коршиносону мутахассисон ва сиёсатмадорон онро чун таҷассумгари ҷараёни демократӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ намудаанд. Гузашта аз он, дар бахши ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд Конститутсияи ҶТ ба ҷумлаи панҷгонаи беҳтарин намунаи конститутсияҳои давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дониста шудааст.Имрўз метавон бо боварии комил қайд намуд, ки ҷараёни бадастории соҳибихтиёрӣ бо қабул шудани Конститутсияи ҶТ аз 6 ноябри соли 1994 анҷом ёфта, дар мустаҳкамгардӣ ва инкишофи Тоҷикистон нақши он калон буд ва хоҳад монд. Аз ин рў, дар сарнавишти давлати навини тоҷикон 6 ноябри соли 1994 ҳамчун санаи тиллоӣ сабт шудааст. Имрўз, аллакай мо дар остонаи 20-солагии ин бахтномаи миллат қарор дорем, ки таҷлили бошукўҳи он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди меҳандўсту меҳанпарвар мебошад.

Август 6, 2014 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд