Коркарди нуқра, мис ва маъданҳои Тоҷикистон
Душанбе, 1.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари ширкати Гленкоае АГ-и корпоратсияи фаромиллии Гленкор аз давлатҳои Швейтсария ва Инглистон Эндрю Каплан масоили ҳамкорӣ барои истеҳсоли алюминии аввалия, коркарди минбаъдаи саноатӣ, тиҷорати байналмилалии он ва дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.Пас аз анҷоми мулоқот Роҳбари ширкати Гленкоае АГ-и корпоратсияи фаромиллии Гленкор аз давлатҳои Швейтсария ва Инглистон Эндрю Каплан дар ҳузури хабарнигорон чунин иброз намуд: «Аз ҷониби ширкати Гленкоае ташаккур мекунем, ки моро ба ин сарзамин даъват карданд. Ширкати Гленкоае дар солҳои қаблӣ бо «Ширкати Талко» ва “Ширкати алюминийи Тоҷик” робитаи бисёр наздик дошт ва шарики қадимии иқтисодии давлати Тоҷикистон аст. Мақсади ба ин ҷо ташриф овардани мо ҳам вусъат додани робитаҳои ҳамкорӣ мебошад. Далели аслие, ки мо инҷо омадем, афзоиш додани иқтидори истеҳсоли алюминий арзёбӣ мешавад. Он зарфиятҳоеро ки алъон ин ширкатҳо истеҳсол намекунанд, дубора барқарор намоем. Мо тасмим дорем, ки ҳамкориҳоро на танҳо дар соҳаи алюминий, балки дар истихроҷу коркарди захираҳои фаровони нуқра, мис ва дигар маъданҳои Тоҷикистон пурзӯр намоем.Мо ҳамчунин азм дорем, ки иштирокдори фаъоли тендери байналмилалӣ барои кор дар Кони Мансур бошем».








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






