Кормандони Агентии коррупсия дар ПҲ ба кор қабул шуданд
Душанбе, 01.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Аз 50 нафар кормандони ихтисоргардида аз воҳидҳои кории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти ҷумҳурӣ 22 нафар тариқи озмун дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул гардидаанд. Дилмурод Давлатзода -раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки дар Палатаи ҳисоб тибқи Фармони Президенти ҷумҳурӣ дар моҳи феврал 50 воҳиди кории иловагӣ ҷудо гардида, дар асоси Низомномаи Палатаи ҳисоб озмун эълон карда шуд, ки давомнокии он ду моҳ тӯл кашид. Дар озмун беш аз 300 нафар хоҳишмандон ҳуҷҷат супориданд. Озмун дар се марҳила ва вазнин ҷараён гирифт, зеро барои як воҳиди корӣ 5 нафар рост меомад, мегӯяд Д. Давлатзода. Марҳилаҳои озмун аз шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои довталабон, саволу ҷавоб ва сӯҳбати хосса бо онҳо иборат буд. Раиси палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ афзуд, ки озмун ошкоро ва шаффоф сурат гирифта, беҳтарин мутахассисони варзида ба кор қабул карда шуданд. Алҳол, дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 нафар корманд фаъолият дошта, аз он 5 нафарашон сарудиторони варзида ва дорои таҷрибаи калони корӣ мебошанд. Аксари кормандону мутахассисони Палатаи ҳисоби кишвар дорои маълумоти иқтисодӣ буда, дастпарварони донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ, назири Амрико ва Британияи Кабиранд. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии назорати молиявӣ буда, танҳо ба Президент ва Парлумон тобеъ аст, раис, муовини раис ва 5 нафар сараудитор аз ҷониби Президенти кишвар таъин карда мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






