Кумак дар сурати сар задани офат
Хоруғ, 18.08.2014. ( АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Бо мақсади омода намудани сокинони деҳот ба ҳар гуна фалокатҳои табиӣ ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар асоси фармони раиси ВМКБ дар ноҳияи Дарвоз машкҳои мукаммал баргузор кард. Дар машқҳо ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи гражданӣ ширкат доштанд ва дар наҷоти одамону амволашон аз худ дониш ва маҳорату малакаи хуб нишон доданд.
Макони эҳтимолии офати табииро деҳаи Паси Боғи ҷамоати деҳоти Қалъаи хум интихоб намуданд, зеро ба гуфтаи мутахассисон бар асари барфу боришот ҳамасола ин деҳаро селу тарма ва сангчарх таҳдид мекунад. Дар ин деҳа 40 хонавода иқомат мекунад. Мақсад аз тамрин он аст, ки дар сурати рӯй додани ягон фалокати табиӣ сокинони деҳа ва амволашонро ба чӣ тарз наҷот бояд дод. Мақомоти давлатӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, хадамоти оташнишонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, барқрасонӣ ва дигар хадамотҳои марбута дар ин ҳолат фаъолияташонро бояд ҳамоҳанг созанд ва сари вақт ба мадади сокинон шитобанд.
Мутахассисони ситоди ҳолатҳои фавқулода аз ширкати фаъоли тамоми мақомоти марбута барои ҳарчӣ зудтар ба маҳали бехавф кӯч додани одамон ва омода кардани шароити зист дар шаҳрчаи муваққатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, баён доштанд, ки дар сурати воқеан сар задани ягон фалокат онҳо ба неру ва маҳорату малакаи ин хадамотҳо итминони комил доранд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






