Курси омӯзишӣ барои соҳаи нассоҷӣ
Душанбе, 11.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Далват).- Шаҳри Норак аз 11-ум то 16-уми августи соли равон мизбони як давраи вижаи омӯзишӣ барои намояндагони соҳаи нассоҷиву дӯзандагии кишвар доир ба меъёрҳои ISO 9001:2008 мегардад. Тавре ки дар ин бора аз Маркази байналмилалии тиҷорат хабар доданд, ҳадаф аз баргузории ин давраи омӯзишӣ, ки аз ҷониби Феҳрасти байнулмилалии бозрасони молии муҷаввиздор (IRCA) тасдиқ шудааст, омода кардани бозрасони молии (аудитор) аршад доир ба ISO 9001 дар Тоҷикистон мебошад. Давраи омӯзишӣ имкон фароҳам меорад, то намояндагони соҳаи нассоҷиву дӯзандагии кишвар ва ниҳоду ширкатҳои хадамотрасон бо асос ва усулҳои роҳандозии низоми мудирияти сифат мутобиқ ба меъёри байнулмилалии мавсум ба ISO 9001 шинос шаванд. Иштирокчиёни ин давра, ҳамчунин, раванди бозрасӣ (аудит), бо шумули барномарезӣ, таҳияи ҳисобот ва иқдомҳои баъдии мутобиқ ба меъёри ISO 9001-ро меомӯзанд. Гуфта мешавад, ки ширкатдорони давраи омӯзишӣ, дар сурати муваффақона супоридани имтиҳони хаттӣ соҳиби гувоҳномаи байнулмилалии ширкати олмонии “TUV NORD CERT CmbH” хоҳанд шуд. Гувоҳномаи мазкур барои се сол эътибор хоҳад дошт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






