Лағви 7 қарор дар бораи ихроҷи шаҳрвандони ҶТ аз ФР
Душанбе, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). – Суди шаҳри Маскав қарори суди ноҳияи Нагатиноро дар бораи ҷаримаи маъмурӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор рубл ва ихроҷи шаҳрванди Тоҷикистон аз Федератсияи Русия бекор кард.
Тавре ки сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов хабар дод, сокини шаҳри Душанбе Давлат Сафаров дар бораи беасос будани қарори дахлдори суди ноҳияи зикршуда ба хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР муроҷиат намуд.
Мувофиқи қарори суд номбурда тибқи моддаи 18.8 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия, ки халалдор намудани қоидаҳои сукунатро пешбинӣ мекунад, айбдор дониста шуда буд.
Намояндагӣ баъди муфассал омӯхтани ин қазия ба суди шаҳри Маскав шикоятнома ирсол дошт, ки дар асоси он қарори суди ноҳияи Нагатино бекор карда шуд.
Тайи моҳҳои июл ва августи соли ҷорӣ бо мусоидати ҳуқуқшиносони намояндагӣ 7 қарори судҳои ноҳиявии мақомоти судӣ лағв гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






