Лаҳни хуши «Андалеб»-и Тоҷикобод
Душанбе, 19.08.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Даври ниҳоии Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев идома дорад. Дирӯз ҳаваскорони ноҳияи Тоҷикобод ҳунару маҳорати хешро пешкаши тамошобинон гардонданд. Санъаткорони ноҳияи Тоҷикибод аз рӯи ҳамаи шартҳои озмун аз тарафи ҳакамон ва тамошобинон баҳои баланд гирифтанд. Дар пешниҳоди либос гулдухтарони Тоҷикобод фарҳангу таърихи қадимии миллати тоҷикро муаррифӣ намуданд, ки писанди ҳамагон гардид. Умуман дар ҳама бахшҳои озмун ҳунармандон баҳои баланд гирифтанд. Дар маҷмӯъ ноҳияи Тоҷикобод соҳиби 119,7 хол гардид.
То имрӯз ҳаваскорони ноҳияи Файзобод ба 118,5 хол, шаҳри Қӯрғонтеппа ба 118,6 хол, ноҳияи Рашт 117,5 хол, шаҳри Хуҷанд ба 119 хол, ноҳияи Фархор ба 119,1 хол, ноҳияи Роштқалъа ба 118,2 хол, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба 119,8, шаҳри Кӯлоб ба 118,7, ноҳияи Ҳисор ба 119,8, ноҳияи Қумсангир ба 117,6, ноҳияи Шуғнон ба 118,8, ноҳияи Зафаробод ба 119,6, ноҳияи Тоҷикобод ба 119,7 сазовор гаштаанд. Бегоҳии имрӯз ҳунармандони шаҳри Ваҳдат санъати худро пешкаши ҳамагон мегардонанд. Пагоҳ, 20 август гулчини барномаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» аз 4 то 20 август идома мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






