Лоиҳаи қонун дар бораи хизмати дипломатӣ баррасӣ шуд
Душанбе, 20.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик вакилони Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ»-ро баррасӣ ва қабул намоянд. Лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки 20 август таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, муҳокима шуд.
Аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» баррасӣ гардиданд.
Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамзамон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон «Оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ»-ро матраҳ намуданд.
Дар фарҷом бархе аз масъалаҳо ҷиҳати баррасӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ирсол гардид.10.10.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






