М. Ҳабибуллоев сармураббии “Далерон- Ӯротеппа”

Август 4, 2014 11:34

Душанбе, 4.08.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, мураббии маъруфи тоҷик, ба вазифаи сармураббии дастаи «Далерон -Ӯротеппа»-и Истаравшан таъйин шудааст. Тавре ки дар ин бора сомонаи ФФТ хабар додааст, мутахассиси 49-солаи тоҷик Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, ки таҳти раҳбарии ӯ дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҳафт бор қаҳрамони Тоҷикистон ва се бор барандаи Ҷоми раиси АФК гардидааст, сармураббии тими нави лигаи олии футболи Тоҷикистон — «Далерон — Ӯротеппа»-и Истаравшан таъйин гардидааст.Ба иттилои манбаъ, Ҳабибуллоев аз соли 2001 то июни соли 2013 сармураббии «Регар-ТадАЗ» буд. Вале баъди анҷоми давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2013 ба иллати беморӣ аз вазифааш даст кашид. Баъдан ӯ сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) буд ва дар ин вазифа ҳамагӣ чаҳор моҳ кор кардааст. Пас аз нокомии мунтахаби ҷавонони кишвар дар Ҷоми Иттиҳод-2014 дар Санкт-Петербург ӯ аз вазифааш барканор шуд.Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, ки ба вазифаи наваш рӯзи панҷшанбе, 31-уми июли соли равон шурӯъ кардааст, «Далерон — Ӯротеппа»-ро ба давраи дуюми мусобиқаи қаҳрамонии кишвар омода месозад.

Август 4, 2014 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!