М. Ҷалолов ба Ҷ. Мазумдар нусхаи Эътимоднома супорид

Август 30, 2014 13:36

Душанбе, 30.08.2014 (АМИТ «Ховар).- 29 августи соли ҷорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов ба Сардори Ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҷайдип Мазумдар нусхаи Эътимоднома супорид.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Ҳиндустон, маросими супоридани Эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ва дигар расмиёти ташрифотии кишвари иқомат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сафир дар навбати худ итминон дод, ки сайъу кӯшиши худро барои таҳким ва рушди муносибатҳои байни Тоҷикистону Ҳиндустон ба харҷ хоҳад дод.

Август 30, 2014 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд