М. Алавӣ: «Аз ободии Тоҷикистон Эрон хушҳол аст»
Душанбе, 12.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Вазири иттилооти (амнияти) Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Алавӣ аз натиҷаи мулоқоташ бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон андешаҳояшро чунин баён кард: «Дар рӯзҳое, ки дар кишвари зебои Тоҷикистон ҳузур доштем эҳсос кардем, ки дар кишвари худамон ҳастем. Дидорҳо ва музокираҳо чӣ бо раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ бо ҳамкорони тоҷикам хуб ва созанда буд. Мо умедворем иншоллоҳ бо самараи ин дидорамон аз кишвари Тоҷикистон заминаҳои созанда ва равобити ҳамкории ду кишвари дӯстро тақвият бахшем. Мо бо як хотираи хуб ва хуш аз кишвари Тоҷикистон меравем. Мо бо бародарони азизи тоҷикистониамон дар гузашта низ ҳамкориҳои густурда дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла заминаи амниятӣ доштем ва умедворам, ки ин ҳамкориҳо дар оянда рушд хоҳанд ёфт. Миллати мусулмони Тоҷикистон рӯз ба рӯз машҳуртар, пешрафтатар ва кишвари Тоҷикистон ободтар мегардад. Аз ободию шукуфоии ин кишвар мардуми Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам хушҳолтар хоҳанд гардид».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






