М.Бутун: «Бозори Тоҷикистон барои Туркия муҳим аст»
Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). – 20 август раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва намояндаи Агентии ҳамкории байналмилалии «ТИКА» — и назди Ҳукумати Туркия Мустафо Бутун перомуни рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия табодули афкор намуданд.
Мувофиқи маълумоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ, дар ҷараёни мулоқот аҳамияти созишномаҳои имзошуда дар бораи ҳамкории байни палатаҳо ва шӯроҳои корчаллонҳои «Тоҷикистон – Туркия» ҳамчунин байни Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва Агентии оид ба ҳамкории байналмилалии «ТИКА» — и Туркия ба таври махсус зикр гардид.
Ҳамчунин масоили тарбияи кадрҳои касбии иқтисодиёти Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд, ки тибқи он Палатаи савдо ва саноати ҶТ феҳрасти самтҳои таҳсили мутахассисонро пешниҳод менамояд.
Ба гуфтаи Мустафо Бутун, агентии «ТИКА» барои барқарор шудани равобити зич бо сохторҳои иқтисодии Тоҷикистон саъй мекунад, зеро бозори Тоҷикистон барои Туркия аҳамияти бузург дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






