М.Муҳаммадиев ҳайати тими мунтахаби кишварро муайян кард

Август 29, 2014 09:52

 
Душанбе, 29.08.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ҳайати дастаи миллии кишварро барои бозии дӯстона бо мунтахаби Беларус, ки 4-уми сентябри соли равон дар варзишгоҳи “Борисов-Арена”-и шаҳри Борисов баргузор мешавад, эълон кард.
Тавре ки дар ин бора аз ФФТ хабар доданд, Мӯҳсин Муҳаммадиев ба ҳайати даста 23 футболбоз- 13 нафар аъзои тими миллӣ аз тими «Истиқлол»-и Душанбе, 3 нафар — аз «Регар-ТадАЗ», 2 нафар  аз «Парвоз» ва як нафарӣ аз тимҳои «Вахш», ССКА «Помир», «Энергетик» ва «Хайр» шомил кардааст.
Ба иттилои манбаъ, аввалин бор аст, ки ба ҳайати мунтахаби кишвар дарвозабони 20-сола  Мӯъминҷон Гадойбоев аз дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров даъват шудааст.

 

Август 29, 2014 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд