«Мақолаи беҳтарин» қадрдонӣ мешавад
Душанбе, 8.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 19 сентябри соли ҷорӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябр) дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ таҳти унвони «Забони давлатӣ ва рушди истилоҳот» баргузор мегардад. Кумитаи забон ва истилоҳот дар робита ба ин аз 8-уми июл то 3-юми сентябр озмуни «Мақолаи беҳтарин»-ро эълон менамояд. Таҳлили воқеии вазъи истилоҳоти забони илми муосир, пешниҳоди истилоҳоти дақиқ ба забони давлатӣ дар самтҳои мухталиф, таҳлил ва баррасии мушкилоти истилоҳшиносӣ ва истилоҳнигорӣ, баррасии мушкилоти фарҳангнигорӣ дар замони муосир, мусоидат ба густариши забони давлатӣ ҳамчун забони илм шартҳои озмун мебошад. Дар озмун истилоҳшиносону донишмандон дар маҷмӯъ кулли зиёиёни кишвар имкони иштирок карданро доранд. Мақсад аз эълони озмун ҷалби бештари олимон ба таҳлили воқеии вазъи истилоҳоти забони илми муосир ва баланд бардоштани нуфузу эътибори забони давлатӣ мебошад.Аз иштирокчиён хоҳиш мекунем, ки мақолаҳои худро ба нишонии кӯчаи Беҳзод 25, ошёнаи сеюми бинои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ё почтаи электронии Кумита: kumitaizabon@mail.ru пешниҳод намоянд. Ба мақолаҳои беҳтарин барои ҷойи якум 1500 сомонӣ, ҷойи дуюм 1000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 500 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






