Мақоми гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 22, 2014 09:02

Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ҳафтаи ҷорӣ кормандони раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии байналхалқии «Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ» дар «Кохи матбуот» — и шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Мақоми ҳуқуқии гурезаҳо ва қоидаҳои будубоши онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони ташкилоти мазкур ва намояндаи раёсати комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат доир намуданд.Бояд зикр намуд, ки гурезаҳо аз ҷониби Хадамоти шиносномадиҳиву бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби Комиссияи байни вазоратҳо ба онҳо мақоми гуреза дода мешавад.Ҳуқуқи гурезаҳо тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва қоидаи будубоши онҳоро Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян менамояд.

Август 22, 2014 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад