Маҳина Шодмонова чемпиони ҷаҳон оид ба таэквандо
Душанбе, 09.08.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дирӯз дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквандо идома ёфт. Варзишгарони тоҷик дар қатори дигар варзишгарон дар сабқатҳо барои гирифтани ҷойҳои намоён талош варзиданд.Дар намуди муҳорибаи якҳарба байни духтарон Шодмонова Маҳина ҷои аввалро соҳиб гардид. Ба ифтихори ин варзишгари тоҷик парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни 52 давлати ҷаҳон баланд бардошта шуд. Ҳамзамон дар муҳорибаи якҳарба Шарипова Аниса, Мабадшоева Озода, ва Халифаев Маҳмуд ба ҷои дуюм сазовор гардида ба медали нуқра сарфароз гардонида шуданд.Ёдовар мншавем, ки Тағоиназарова Рухшона, Юлдошова Муҳаббат ва Шамаева Озода ҷои сеюмро сазовор гардида ба медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквандо дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Аз ғолибият ва дастовардҳои варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рўзҳои дигар хабар хоҳем дод.Дар ин бора аз бахши иттилооти Кумитаи чавонон хабар додан.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






