Маблағгузории давлатии тандурустӣ 25 баробар афзуд

Август 19, 2014 16:04

Душанбе, 19.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-    Бахшида ба Рӯзи кормандони тиб дар «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа  чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни табрики кормандони соҳаи тиб гуфт, ки  соҳаи тандурустӣ  аз самтҳои афзалиятноки  сиёсати иҷтимоӣ ба шумор рафта, сарвати бебаҳои миллат, омили  рушди устувори ҷомеа буда, ҳолати солимӣ ва некӯаҳволии халқ, инъикоскунандаи вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фардои дурахшони ҳар як миллату давлат мебошад.
Дар ин раванд бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015” ба маблағи 313 миллиону 758 ҳазор сомонӣ тасдиқ гардида, ба маблағи 313 миллиону 758 ҳазору 500 сомонӣ бунёди муассисаҳои нави тандурустӣ, таъмиру таъмини иншооти мавҷудаи тиббӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир ва омодасозии кадрҳои баландихтисос пешбинӣ гардидааст.
Дар доираи ин барнома дар вилоят бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ, мақомоти иҷроия, соҳибкорон, аҳолӣ ва сармоягузорони хориҷӣ зиёда аз 180 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуд.
Бо мақсади дастрасии аҳолӣ аз усулҳои муосири ташхису дарёфти бемориҳои мураккаб, дар шаҳрҳои Кӯлобу Қурғонтеппа марказҳои ташхисию табобатӣ ташкил шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин  шуданд.
Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолӣ муассисаҳои тиббии зиёд бунёд ва таъмиру тармим шуда, ба вилоят технология ва таҷҳизоти муосиртарини ташхисиву табобатӣ ворид гардида, дар зарфи 10 соли охир маблағгузории давлатии тандурустӣ беш аз 25 баробар афзуд.
Дар ин марҳила 20 нафар мутахассиси соҳаи тандурустии вилоят рисолаҳои номзади илми тибро дифоъ намуда, 5 нафар ҷиҳати ҳимояи рисолаи номзадӣ ва 3 нафар рисолаи доктори илми тиб корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда истодаанд.
Дар айни замон дар 1518 муассисаи тиббӣ, ки дорои тамоми шароити мусоиди моддиву техникӣ мебошанд, зиёда аз 3140 нафар табиб ва 12761 нафар корманди миёнаи тиб усулҳои муосири ташхисиву табобатро дар муолиҷаи беморон роҳандозӣ намуда истодаанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар вилоят самти дигари афзалиятноки хизматрасонии тиббӣ, рушди тибби хусусӣ вусъат ёфта, аз 94 муассиса, танҳо дар тӯли 4 соли охир аллакай 5 беморхонаи хусусии дорои таҷҳизоти муосири тиббӣ ба аҳолӣ хизмат расонида  истодааст.
Аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳафт моҳи соли 2014 барои таъмир ба маблағи 1 миллиону 860 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, ба маблағи 823 ҳазору 200 сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ харид шудааст.
Раиси вилоят ба як гурӯҳ собиқадорон ва фаъолони соҳаи тиб аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, барои фаъолияти пурсамарашон ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дигар туҳфаҳоро тақдим кард. 
 

Август 19, 2014 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд