Мактаби нав-туҳфа ба соли таҳсил

Август 21, 2014 11:28

Хуҷанд, 21.08.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад  Дадобоев).-Яке аз иншоотҳои муҳими иҷтимоие, ки бо иштироки бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор  гирифт, ин ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24 дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. 
    Бояд гуфт, ки сохтмони бинои нави мактаб бо арзиши 4 млн. 920 ҳазор сомонӣ ба анҷом расида, ба маблағи 321 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти таълимӣ харид шудааст.
    Бино дорои 360 ҷойи нишаст буда, 720 нафар хонанда дар ду баст  таьсил менамояд. Мактаб дорои 14 синфхона мебошад. Ҳамчунин дар он 6 кабинети фаннӣ, аз ҷумла кабинети забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои русӣ, англисӣ, омодагии дифоъ, омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ва рӯзгордорӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Синфхонаи суруд ва мусиқӣ низ бо асбобҳои миллии мусиқӣ пурра ҷиҳозонида шудааст.
    Мактаб пурра бо мизу курсӣ таъмин буда, масоҳати умумии он 3995 м2 ва масоҳати биноҳои нав  1080 м2-ро ташкил медиҳад.
    Инчунин мактаб дорои толори варзишӣ барои 100 нафар (15х20) ва ошхона барои 80 ҷойи нишаст мебошад.
    Шумораи омӯзгорон   45 нафар буда, аз он 40 нафар зан ва 5 нафараш мард мебошад. Ҳамаи омӯзгорон таҳсилоти олӣ дошта, аз онҳо 22 нафарро мутахассисони ҷавон ташкил медиҳанд.
     Шумораи хонандагони мактаб 429 нафар буда, аз он 264 нафарро духтар ва 165 нафарро писар ташкил медиҳад.
      Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
 
 

Август 21, 2014 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд