Маросими савгандёдкунӣ дар ВКД
Душанбе, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дар Вазорати корҳои дохилӣ маросими тантанавии қасамёдкунии курсантҳое, ки имсол ба Донишкадаҳои ҳуқуқии Академияи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дохил шуданд ва кормандоне, ки нав ба ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба кор қабул шудаанд, бо шаҳомати хосса баргузор гардид.
Дар он вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, роҳбарияти раёсатҳо, собиқадорон, ҳайати шахсии ВКД, падару модарон иштирок намуданд.
Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, вазири корҳои дохилӣ қасамёдкунандагонро самимона табрик гуфта, ба онҳо садоқату матонат ва дар хизмати душвору пуршарафашон барору комёбиҳо таманно намуда, ин рӯзро рӯзи таърихӣ ва хотирмон номид.
«Қабули савганд барои ҳар як ҷавонмарди ҳақиқӣ, нангу номуси ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои олии инсонӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ба шумор рафта, бо ёд кардани он, Шумо азизу муқаддас доштани ин сарзамин, ин марзу бум ва давлату миллати куҳанбунёди тоҷиконро собит менамоед»-, афзуд вазир.
Дар маросими савгандёдкунӣ 140 нафар афсари ҷавон, ки аз ин 64 нафарашро шунавандагони Донишкадаҳои ҳуқуқии Академияи ВКД Федератсияи Русия ташкил медоданд, ботантана қасам ёд карданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






