Машварати августии омӯзгорон дар Хуҷанд
Хуҷанд, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).- Дар шаҳри Хуҷанд машварати августии омӯзгорон бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар мавзӯи «Зарурат ва таҳияи ташкили мониторинг ва шаклҳои он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд бо натиҷаҳои кори омӯзгорон дар маҳфилҳои методии фаннӣ ва маҳсули кори омӯзгорон ва толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд шинос гардид.Тавре ки мудири шуъбаи маорифи шаҳр Саидмухтор Ҷалолов гуфт, роҳандозии низоми мониторингӣ пеш аз ҳама ба сатҳу сифати таълим таъсири мусбат расонда, барои баланд гаштани тахассуси омӯзгорон, такмили раванди тадрис заминаи устувор мегузорад. Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дод, то ин низоми пешниҳодгардида чун таҷриба қаблан бояд дар яке аз мактабҳои шаҳр, ба мисли МТУ № 2 истифода шуда, баъди натиҷагирӣ бо назардошти таҷрибаи ҳосилгашта дар дигар мактабҳо ҷорӣ шавад.Омӯзгорон дар мавзӯи «Тарз ва роҳҳои гузаронидани рейтинг дар муассисаҳои таълимӣ» мулоҳизаи ҳамдигарро шунида, усули муқаррар намудани рейтинг ё худ иштироку савияи дониши толибилмро аз тариқи усули пешниҳод гашта баррасӣ намуданд.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки имрӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои соли 2014 зиёда аз 35 миллион сомонӣ маблағ зиёд пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта зиёда аз 10 миллион сомонӣ зиёд аст.Шаҳрдори Хуҷанд инчунин таъкид намуд, ки имрӯз занону ҷавондухтарони мо бояд анъанаҳои неки худро пос дошта, тарзи либоспӯшии миллиро риоя намоянд.Дар ниҳояти чорабинӣ як гурӯҳ омӯзгорон бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кадрдонӣ шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






