Машварати кормандони соҳаи маориф
Душанбе, 20.08.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Чкалов машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр оғоз гардид.
Дар машварат сарварони мактабҳо, роҳбарони кӯдакистонҳо, омӯзгорону мурабияҳо ва шахсони масъули соҳаи маорифи шаҳр ҳузур доштанд. Мудири шуъбаи маорифи шаҳр Муҳаббат Ҳомидова зикр намуд, ки машғулиятҳои сексионӣ аз фанҳои пешбинишуда дар таълимгоҳи мазкур таи 2 рӯз гузаронида шуда, машварати ҷамъбастӣ 25 август доир хоҳад шуд.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки дар пеш ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла 23-солагии Истиқлолият, 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маъракаҳои муҳим қарор доранд ва маорифчиён дар қатори аҳолии шаҳр бояд ин санаҳои муҳимро бо омодагии ҳамаҷониба истиқбол намоянд.
Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов хабар доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






