Мева дар шашмоҳаи соли 2014 кам ҷамъоварӣ шудааст
Душанбе, 4.08.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ то 1-уми июли соли равон беш аз 122 ҳазор гектар зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шудааст, ки аз он 107579 гектар кӯфта шуда, 356631 тонна ғалла (бе ҷуворимакка) истеҳсол карда шудааст.Бино ба иттилои дафтари ҷамъбасти шашмоҳаи Агентии омори назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳосилнокии ҳар гектар 33,2 сентнериро ташкил намудааст, ки аз 2952 гектар 58503 тонна картошка, ҳосилнокии ҳар гектар 198 сентнериро ташкил додааст, аз 9689 гектар 225019 тонна сабзавот, ки ҳосилнокии ҳар гектар 232 сентнериро ташкил медиҳад. Аз 4757 гектар 101929 тонна зироати полезӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки ҳосилнокии ҳар гектар 214 сентнериро ташкил медиҳад. Дар ҳамин давра 29246 тонна мева ё 3,4 фоиз зиёд ва ангур 120 тонна, ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54,4 фоиз кам ҷамъоварӣ карда шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






