ММТ : Аз навбақайдгирӣ ва тақсимоти такрорӣ

Август 26, 2014 09:01

Душанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои довталабоне, ки холҳои гузариши фанниро аз ҳамаи субтестҳо ба даст овардаанду лекин тибқи озмуни тақсимот бинобар мувофиқат накардани баллҳо ба ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд, азнавбақайдгирӣ шурӯъ мегардад.Гуфта мешавад, ки азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ мебошад.Тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон № 16/4 аз 31 июли соли 2014 дар ҳолати дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ холӣ мондани ҷойҳои ҷудошудаи нақшавӣ баъди тақсимоти асосӣ дар асоси натиҷаҳои имтиҳони умумии қисми А (забони тоҷикӣ, математика, таърихи ҳалқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ) новобаста аз гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо) тақсимоти такрории довталабони хоҳишманди аз ҳамаи субтестҳои имтиҳони қисми А ва Б холи гузаришро бадастоварда гузаронида мешавад. Тибқи тартиби муқарраргардида довталаб барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ метавонад то 10 ихтисоси дорои ҷойҳои холиро танҳо дар доираи як кластер (гурӯҳи ихтисосҳо) интихоб намояд.Тавре ки чанде пеш иттилоъ дода будем, барои азнавбақайдгирӣ довталабро зарур аст, ки дар яке аз шуъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк 14 сомонӣ пардохт намуда, расид (квитансия), шиноснома ва варақаи бақайдгирӣ ё даъватномаро ба нуқтаи азнавбақайдгирӣ пешниҳод намояд.Боиси зикр аст, ки довталабоне, ки дар озмуни тақсимот ба яке аз интихобҳояшон гузаштаанд, дар сурати даст кашидан аз ихтисоси ба он тақсимшуда ҳуқуқи азнавқайдгирӣ ва иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро надоранд ва ҷойҳои онҳо дубора ҳамчун ҷойи холӣ барои тақсимоти такрорӣ эълон карда мешавад.Довталабони хоҳишманди аз ҳамаи субтестҳои имтиҳони қисми А ва Б холи гузаришро бадастоварда, ки аз озмуни тақсимот нагузаштаанд, метавонанд ба нуқтаҳои азнавбақайдгирии зерин муроҷиат намоянд:1. Душанбе: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 192, телефонҳо: 224-53-66, 224-53-67, 224-53-68).2. Хуҷанд: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 (шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Калинников 79, телефонҳо: 915-98-00-69, 915-98-00-89).3. Қӯрғонтеппа: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 (шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Мирзоқодирова 7, телефонҳо: 915-98-00-58, 915-98-00-71).4. Кӯлоб: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53 (шаҳри Кӯлоб, хиёбони И.Сомонӣ 2, телефонҳо: 915-98-00-58, 915-98-00-71).5. Хоруғ: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев (шаҳри Хоруғ, , телефонҳо: 915-98-00-51, 93-515-30-22).

Август 26, 2014 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд