ММТ : Азнавбақайдгирӣ ва тақсимоти такрорӣ

Август 18, 2014 15:45

Душанбе, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабоне, ки холҳои гузариши фанниро аз ҳамаи субтестҳо ба даст овардаанду лекин тибқи озмуни тақсимот бинобар мувофиқат накардани баллҳо ба ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд, мерасонад, ки аз 26 август азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ шурӯъ мегардад.
Тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон № 16/4 аз 31 июли соли 2014 дар ҳолати дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ холӣ мондани ҷойҳои ҷудошудаи нақшавӣ баъди тақсимоти асосӣ дар асоси натиҷаҳои имтиҳони умумии қисми А (забони тоҷикӣ,  математика, таърихи ҳалқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ) новобаста аз гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо) тақсимоти такрории довталабони хоҳишманди аз ҳамаи субтестҳои имтиҳони қисми А ва Б холи гузаришро бадастоварда гузаронида мешавад. Тибқи тартиби муқарраргардида довталаб барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ метавонад то 10 ихтисоси дорои ҷойҳои холиро танҳо дар доираи як кластер (гурӯҳи ихтисосҳо) интихоб намояд.
Тавре ки Ситорабону Назарова, сухангӯи марказ хабар дод, барои азнавбақайдгирӣ довталабро зарур аст, ки дар яке аз шуъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” 14 сомонӣ пардохт намуда, расид (квитансия), шиноснома ва варақаи бақайдгирӣ ё даъватномаро ба нуқтаи азнавбақайдгирӣ пешниҳод намояд.
Боиси зикр аст, ки довталабоне, ки дар озмуни тақсимот ба яке аз интихобҳояшон гузаштаанд, дар сурати даст кашидан аз ихтисоси ба он тақсимшуда ҳуқуқи азнавқайдгирӣ ва иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро надоранд ва ҷойҳои онҳо дубора ҳамчун ҷойи холӣ барои тақсимоти такрорӣ эълон карда мешавад.
Довталабони хоҳишманди аз ҳамаи субтестҳои имтиҳони қисми А ва Б холи гузаришро бадастоварда, ки аз озмуни тақсимот нагузаштаанд, метавонанд ба нуқтаҳои азнавбақайдгирии зерин  муроҷиат намоянд:
1. Душанбе: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 192, телефонҳо: 224-53-66, 224-53-67, 224-53-68).
 
2. Хуҷанд: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 (шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Калинников 79, телефонҳо: 915-98-00-69, 915-98-00-89).
3. Қӯрғонтеппа: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 (шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Мирзоқодирова 7, телефонҳо: 915-98-00-58, 915-98-00-71).
4. Кӯлоб: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53 (шаҳри Кӯлоб, хиёбони И.Сомонӣ 2, телефонҳо: 915-98-00-58, 915-98-00-71).
5. Хоруғ: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев (шаҳри Хоруғ, , телефонҳо: 915-98-00-51, 93-515-30-22).
 
 

Август 18, 2014 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад