ММТ: Холҳои гузариши фаннӣ ва озмун
Душанбе, 4.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабоне, ки холҳои гузариши фанниро аз ҳамаи субтестҳо ба даст овардаанд, мерасонад, ки барои иштирок дар озмуни тақсимоти довталабон ба ихтисосҳои интихобкардаашон вобаста ба тартиби интихобҳои довталабон роҳ дода мешаванд. Озмуни тақсимоти довталабон ба ихтисосҳои интихобкардаашон тибқи нақша 15 август пешбинӣ гардида, дар бораи натиҷаҳои тақсимот ҳар як довталаби холҳои гузариши фанниро бадастоварда метавонад 15 август бо истифода аз ҳуҷраи инфиродии худ иттилоъ пайдо кунад. Мувофиқи нақша довталабон метавонанд бо натиҷаҳои тақсимот ба ихтисосҳо тавассути паёмак (SMS) низ шинос шаванд (маълумоти муфассал дар ин хусус баъдан пахш хоҳад шуд).Тавре, ки Ситорабону Назарова сухангӯи марказ иттилоъ дод, масъалаи гузаштан ба ин ё он ихтисос дар баробари холҳои гузариши фаннӣ ва умуман баллҳои гирифтаи довталаб, инчунин аз теъдоди умумии довталабони ҳар як ихтисос ва миқдори ҷойҳои нақшавии ихтисос вобастагӣ дошта, дар сурати аз миқдори ҷойҳои нақшавии ихтисос зиёд будани довталабон, тибқи тартиб дар асоси озмун дар навбати аввал довталабони дорои баллҳои калонтарин ба ихтисос тақсим карда мешаванд, яъне ба тартиби аз балли болотарин ба поён. Ҳамин тавр, гирифтани холҳои гузариши фаннӣ маънои тақсим шудан маҳз ба ихтисоси якум ё дуюм ё сеюм ё дигари интихобшударо надорад. Барои мисол, дар як ихтисоси якуми интихобнамудаи довталаби шартӣ тибқи нақша шартан 20 ҷой ҷудо шудаасту теъдоди довталабони шартан дар он бақайдгирифта, ки холҳои гузариши фанниро ба даст овардаанд, 50 нафаранд. Дар ин сурат аввалан 20 нафари дорои баллҳои баландтарин ба ихтисоси мазкур тақсим карда мешаванд. Дар баробари ин, ихтисоси мазкур метавонад, ки барои ҳамин 20 нафар интихоби таҳти рақамҳои гуногун бошад. Агар довталаби шартӣ дар доираи 20 нафари баллҳои калонтаринро ноилгардида бошад, пас бевосита ба интихоби якуми худ тақсим карда мешавад. Дар ғайри ин ҳолат, ҳар як ихтисоси баъдии довталаби шартӣ ба тартиби боло санҷида шуда, дар сурати мувофиқат кардан ва гузаштан аз озмун довталаб ба яке аз ихтисосҳои интихобкардааш мувофиқан тақсим карда мешавад. Дар ҳолати нагузаштан аз озмуни ҳеҷ яке аз ихтисосҳои интихобкарда довталаби шартӣ новобаста аз гирифтани холҳои гузариши фаннӣ ҳуқуқи қабул шудан ба ихтисосҳои интихобкардаашро аз даст медиҳад. Хотиррасон мекунем, ки тибқи тартиби нав дар ҳолати дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ холӣ мондани ҷойҳои ҷудошудаи нақшавӣ баъди тақсимоти асосӣ дар асоси натиҷаҳои имтиҳони умумии қисми А (забони тоҷикӣ, математика, таърихи ҳалқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ) новобаста аз гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо) тақсимоти такрорӣ гузаронида мешавад. Довталабони хоҳишманде, ки аз фанҳои таълимии мазкур холи гузаришро ба даст овардаанду лекин аз озмуни ҳеҷ яке аз ихтисосҳои интихобкарда нагузаштаанд, метавонанд барои озмуни ҷойҳои холии ихтисосҳо аз нав сабти ном шуда, дар он иштирок намоянд.Тақсимоти довталабон бо назардошти баллҳои бадастовардаю интихобҳои онҳо ва нақшаи қабули донишҷӯён ба таври худкор тавассути Системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад. Ҳамчунин довталабон метавонанд аз ҳуҷраҳои инфиродии худ барои дарёфт намудани иттилооти зарурӣ дар бораи натиҷаҳои имтиҳонҳо ва баъдан дар бораи натиҷаҳои тақсимот истифода намоянд. Дар сурати фаромӯш кардани рамзи ҳуҷраи инфиродӣ, рақами назоратӣ ва ё дилхоҳ мушикили дигар дар робита бо ҳуҷраи инфиродӣ ба марказ муроҷиат намояд.