ММТ: Натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ
Душанбе, 1.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Пас аз коркардаи пурраи варақаҳои ҷавобҳои довталабон натиҷаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар шакли хол ва баллҳо аз ҳар субтест муайян гардид. Барои шинос шудан бо натиҷаи кори худ довталабон метавонанд аз кабинетҳои инфиродии худ истифода баранд.Ба иттилои Ситорабону Назарова сухангӯи марказ ба довталабон хизматрасонии SMS-пайёмак дастрас мебошад, ки бо ирсол кардани SMS-дархост аз рӯи қолаби t<рақами назоратӣ> ба рақами кӯтоҳи 1617 ба телефони мобилии ӯ натиҷаи имтиҳонҳо аз рӯи қолаби зерин равон карда мешавад:№ назоратии NNNNNNNNNNNN Натичаи ИМД: А1-XX хол (YY балл), А2-XX хол (YY балл), А3-XX хол (YY балл); Б1-XX хол (YYY балл), Б2-XX хол (YYY балл), Б3-XX хол (YYY балл); ИЭМ-XXX хол (YYY балл); Имтиёз-YYY балл.Дар SMS-пайёмаки ирсолшаванда А1, А2 ва А3 мувофиқан субтестҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юми компоненти А (А1 — “Забони тоҷикӣ”, А2 — “Математика” ва А3 — “Таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ”) ва Б1, Б2 ва Б3 бошад, субтестҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юми компоненти Б-ро мефаҳмонад.Бояд гуфт, ки хизматрасонии SMS-пайёмак пулакӣ буда, арзиши як дархост ба 1 сомонию 70 дирам баробар мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






