ММТ: Шарҳи мафҳуми авлавияти интихоб

Август 19, 2014 09:00

Душанбе, 19.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо сабаби пайдо шудани зарурат Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки бори дигар мафҳуми авлавияти интихобҳоро, ки дар вақти интихоби ихтисосҳо бо вуҷуди маротибаҳо шарҳу тавзеҳ додан ва дар тамоми маводи иттилоотию дастурӣ баён намудан барои баъзе довталабон бо сабабҳои номаълум нофаҳмо мондааст, шарҳ диҳад.
Тавре ки борҳо зикр гардид, тақсимоти довталабон ба ихтисосҳои интихобкарда тибқи тартиби муқарраргардида бо назардошти теъдоди ҷойҳои нақшавӣ, теъдоди довталабон дар ҳар як ихтисоси муайян, авлавияти интихобҳои довталабон дар асоси баллҳои бадастовардаи онҳо гузаронида мешавад. Яъне, ба тартиби аз болотарин (якум) ба поён. Тақсимоти довталабон бо назардошти маҳз авлавияти интихобҳою баллҳои бадастовардаи довталабон ва нақшаи қабули донишҷӯён ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ сурат мегирад. Барои анҷом додани чунин кор зарур аст, ки авлавияти интихобҳо пешакӣ муайян карда шавад, зеро дар ғайри ин сурат дар асоси кадом принсип тақсимот кардан номуайян монда, тақсимот ба як амали беохиру бенизом табдил ёфта, ба ҳар як довталаб, ки эҳтимол дорад баллҳои бадастовардааш дар доираи баллҳои гузариши якчанд ихтисоси интихобкардааш мувофиқат намояд, зарурати пурсидан ва муайян кардани хоҳиши довталаб дар хусуси ба кадом ихтисос гузаронидани ӯ ба вуҷуд меояд. Аз сабаби зиёд будани теъдоди довталабон ва кам будани муҳлати эълони натиҷаҳо чунин кор имконнопазир аст ва метавонад тақсимот довталабонро “ҷиҳати гирифтани розигии ҳар як нафар”  ба моҳҳо расонад. 
Маҳз бо назардошти нуктаҳои боло, марказ ҳангоми таҳияи модули тақсимоти довталабон принсипи авлавияти интихобҳоро пешбинӣ намуд. Мафҳуми мазкур дар тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии батанзимоварандаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва дигар маводи методию дастурӣ ва иттилоотии марказ, аз ҷумла тартиб ва тарзи қабули имтиҳонҳои қабул барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2013, № 2935 тасдиқ ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2013, № 722 ба қайд гирифта шудааст), Қоидаҳои умумии қабули таълимгирандагон (донишҷӯён) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28  ноябри  соли 2013, № 19/2  тасдиқ шудааст), маводи дастурию методии “Роҳнамои довталаб” ва ғайра низ шарҳ дода шудааст. 
Ҳамин тариқ, ҳар як довталаб дар вақти бақайдгирӣ худаш авлавият ва ё ба қавли дигар афзалияти интихобҳои худро ба тартиби аз 1 то 10 муайян намуда, дар рӯйхати ихтисосҳои интихобкардааш онро ворид менамояд. Ногуфта намонад, ки барои тағйири интихобҳо, аз ҷумла, гурӯҳи ихтисосҳо (кластер), МТОК, ихтисос, шакл, намуд ва забони таълим давраи азнавбақайдгирӣ аз 15 то 30 апрели соли 2014 муқаррар гардида буд, ки тибқи тартиб дар сурати хоҳиш доштан ҳар як довталаб метавонист  интихобҳои худро иваз намояд.
Бояд таъкид намуд, ки ҳадафи асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври шаффоф гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ роҳ ёфтани довталабони арзанда мебошад. Ҳамчунин хотиррасон менамоем, ки тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқи баробар доранд.
Хулоса, ҳангоми тақсимот дар навбати аввал интихоби якуми довталаб бо назардошти баллҳои бадастовардааш санҷида шуда, танҳо дар сурати мувофиқат накардан, интихоби дуюми ӯ санҷида мешавад ва дар сурати нагузаштан ба ҳамин тартиб то интихоби охирини довталаб санҷида мешавад. Дар сурати гузаштан ба интихоби якум ва ё умуман яке аз интихобҳо, новобаста аз мувофиқат кардани баллҳои бадастоварда интихобҳои баъдии довталаб санҷида намешавад, зеро дар ғайри ин ҳолат принсипи авлавияти интихобҳо, ки аз тарафи худи довталаб муайян карда шудааст, риоя намегардад ва метавонад боиси сар задани баҳсҳои ҳуқуқӣ шавад.
 

Август 19, 2014 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад