Муҳимтарин ахбори олам

Август 21, 2014 11:29

 Душанбе,21.08.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-Мувофиқи иттилои  шабакаи телевизионии Алҷазира созиши оташбаси муваққатӣ миёни Исроил ва тундравони фаластинӣ  ба поён расид. Гуфта мешавад, ки субҳи 19-уми августи соли равон  тундравони фаластинӣ аз Навори Ғазза ба Исроил тақрибан 50 мушак партоб карданд, вале то ҳол маълумоти муфасал дар бораи зарардидагон дода нашудааст.
 
   Душанбе,21.08.2014. (АМИТ «Ховар»).-Вазирони курдтаборе, ки аз кор дар ҳайати ҳукумати нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ даст кашида буданд, дубора  ба ҳукумат пайвастанд. Гуфта мешавад, ки Нурӣ ал-Моликӣ рӯзи 15 август тавассути васоити ахбори омма эълон карда буд, ки аз мақомаш меравад ва аз номзадии Ҳайдар Ободӣ ба мақоми нахуствазир ҳимоят мекунад. 
 
  Душанбе, 21.08.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си дирӯз  дар шабакаҳои иҷтимоии интернет аз номи гурӯҳи ҷангии «Давлати исломӣ» навори видеоие бо исми «Паём ба Амрико» нашр шуд, ки ба иддаои ин гурӯҳ, лаҳзаи буридани сари як журналисти амрикоиро  намоиш медод. 
 
 
   Душанбе, 21.08.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар таърихи 17-уми августи соли равон мақомоти артиши Украина ва нируҳои ҳукуматии ин кишвар  шуъбаи пулиси шаҳри Луҳанскро ба зери назорати худ даровардаанд. Бояд гуфт, ки аз моҳи апрел то ин замон  идораи пулиси мазкур  дар дасти шӯришёни ҷонибдори Русия буд. Гуфта мешавад, ки Луҳанск дар наздикии марз бо Русия ҷойгир аст. 
 
   Душанбе, 21.08.2014. (АМИТ «Ховар»).-Аз рӯзи ҷумъаи гузашта то имрӯз  даҳҳо ҳазор тан аз мухолифони давлати Покистон дар Исломобод тазоҳурот намуда, хостори барканории нахуствазири  кишвар мебошанд. Мувофиқи иттилои расонаҳои дохили кишвар дар тазоҳурот 60 ҳазор нафар сокинони кишвар ширкат меварзанд. 
 
 
 
 

Август 21, 2014 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад