Муҳимтарин ахбори олам

Август 28, 2014 09:19

  Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-Дар қисми ҷанубу шарқии Кореяи Ҷанубӣ аз сабаби боришоти зиёди борон обхезии шадид ба амал омад. Мувофиқи маълумоти маркази ҳавосанҷӣ дар пайи боронрезиҳои шадид ҳамвора сатҳи оби рӯду наҳрҳои маҳаллӣ боло рафта, ба нуқтаҳои аҳолинишин ҷорӣ шуд. Гуфта мешавад, ки дар пайи офати табиӣ 5 нафар ба ҳалокат расида ва чанд нафари дигар беному нишон гаштаанд. Амалиёти фаврӣ- ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ барои дарёфти бедаракгаштагон идома дорад. 
 
  Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар яке аз роҳҳои мошингарди қисми ғарбии шаҳри Хюстони штати Техаси ИМА бар асари садамаи нақлиётӣ 19 хонандаи муассисаи таълимӣ шадидан маҷрӯҳ шуд. Ба гуфти роҳбари Бозрасии автомобилии кишвар ронандаи автобус дар вақти ҳаракат бо суръати баланд ба як дарахти канори роҳ бархӯрдааст. Гуфта мешавад, ки дар дохили  автобус 28 нафар мактаббача қарор доштааст. 
 
  Душанбе,28.08.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар Юнон   гармии ҳаво ба  40 дараҷа расидааст. Гармии ҳаво  бештар дар минтақаҳои қисми ҷануби мамлакат ҳукмфармо мебошад. Дар айни ҳол қисми зиёди ҷангалзори ин минтақа дар ҳалқаи сӯхтори мудҳиш қарор дорад. Ҳукуматдорон бо мақсади ҳарчӣ зудтар бартараф намудани алангаи оташ зиёда аз 100 воситаи сӯхторнишонӣ ва  чархболу  ҳавопаймоҳоро сафарбар намуданд. 
 
  Душанбе,28.08.2014. (АМИТ «Ховар»).-Шаби гузашта дар ИМА як ҳавопаймои хурд  баъди чанд лаҳзаи парвоз аз фурудгоҳи маҳаллӣ дар ҳарими ҳавоии наздишаҳрии Кливленди штати Огайо ба фалокат дучор омад. Дар пайи ин ҳодиса 4 нафар ба ҳалокат расида, чанд каси  дигар захми гуногун бардошт. То ҳол дар бораи ҳалокшудагони фоҷеа, ҳадафу хатсайри парвози ҳавопаймои мазкур  маълумоти мушаххас дода нашудааст. 
 
  Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои Вазорати корҳои дохилии  Афғонистон муддати як ҳафта аст, ки кормандони мақомоти қудратии кишвар нисбат ба  толибон  дар минтақаҳои Бағлон, Форёб, Ғур, Ҳилманд, Кунар, Қундуз, Нангарҳор, Нуристон, Пактико ва Зобул амалиёти густурда бурда, 57 аъзои ҳаракати «Толибон»-ро нобуд кардаанд. Дар ҷараёни амалиёт 7 нафар силоҳбадаст маҷрӯҳ шуда, 10 тани дигар аз ин гурӯҳи ифротӣ аз ҷониби намояндагони неруҳои амниятӣ боздошт гардид. 
 
Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар»,)-Кормандони мақомоти гумруки шаҳри Калеи Франсия зимни гузаронидани амалиёти тафтишотӣ 1,7 тонна маводи сигори ғайриқонуниро дарёфту мусодира намуданд. Бояд гуфт, ки арзиши маводи мусодирашуда 430 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Дар ин бора тафтишоти пешакӣ идома дорад.
 

Август 28, 2014 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд