Муҳокимаи адлияи ноболиғон
Душанбе, 25.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азиззода бо Роҳбари намояндагии хазинаи кӯдакони СММ Лайлӣ Моширӣ ҷиҳати ба анҷом расонидани фаъолияти кории ин намояндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрӣ намуд.
З. Азиззода зимни мулоқот иброз намуд, ки тайи солҳои охир дар доираи ҳамкории Шўрои адлия ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) аз ҷониби тарафайн як силсила чорабиниҳои ташкилӣ-молиявӣ, аз қабили гузаронидани тренингҳо барои баланд бардоштани сатҳи касбияти судяҳое, ки парвандаҳои ноболиғонро баррасӣ мекунанд, маблағгузорӣ барои нашри маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қарорҳои Пленуми Суди Олии ҶТ марбут ба ноболиғон, дастгирӣ ҷиҳати таъмиру ҷиҳозонидани толорҳову утоқҳои ноболиғон дар судҳои шаҳрҳои Исфара, Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сомонӣ, маблағгузорӣ бобати омода ва ба навор гирифтани мурофиаи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба ноболиғон, омода намудани сафари омӯзишии ба тренерони миллӣ ба Ҷумҳуриҳои Гурҷистон ва Молдова гузаронида шуда, натиҷаи ҳамкории мутақобилаи якдигар самарабахш буданд.
Лайлӣ Моширӣ аз ҳамкорӣ бо Шӯрои адлия хушнуд гардида, миннатдории хешро аз вохӯрии мазкур ва ҳамкорӣ оид ба амалӣ гардонидани адлияи ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози сипос намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






