Муҳокимаи натиҷаи ҳамкорӣ

Август 28, 2014 11:20

Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас  Темурзода). – Муовини  аввали  вазири  мудофиаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  сардори  Ситоди генералии  Қувваҳои  мусаллаҳи  кишвар Зариф  Шарифзода  дар   машварати  сардорони  ситодҳои  генералии  давлатҳои  аъзои Созмони  ҳамкории  Шанхай, ки  имрӯз, 28  август, дар  шаҳри  Пекини  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  оғоз  меёбад, иштирок  мекунад. 
Тавре  ки  аз Вазорати  мудофиаи  ҶТ хабар  доданд,  иштирокдорони  машварат  натиҷаи  ҳамкориҳои соли гузаштаро муҳокима  ва  масоили рушди  минбаъдаи  ҳамкории  байни  Қувваҳои  мусаллаҳи  давлатҳои  аъзои  СҲШ – ро  баррасӣ  намуда, перомуни  масоили  мубрами  амнияти байналмилалию  минтақавӣ  табодули  афкор  мекунанд. 
Сардорони  ситодҳои  генералии  вазоратҳои  мудофиаи  давлатҳои  аъзои  СҲШ – ро  раиси Ҷумҳурии  Мардумии  Чин Си Сзинпин ба  ҳузур  мепазирад. 29  август  сардорони ситодҳои генералии  давлатҳои  СҲШ дар  марҳалаи  хотимавии  машқҳои  зиддитеррористии  ҳарбии  «Иқдоми  сулҳомез – 2014» ширкат  мекунанд.
Ёдовар  мешавем, ки  машқҳои зиддитеррористӣ  аз  9  то 30  августи соли  ҷорӣ дар  ҶМЧ идома  ёфта,  дар онҳо 200 нафар хидматчиёни  ҳарбии  кишвари  мо  низ  иштирок  доранд.
Роҳбарии ҳайати Тоҷикистонро  дар  машқҳои  зикршуда  муовини  аввали  сардори  Ситоди  генералии  Қувваҳои  мусаллаҳи  Тоҷикистон  Тоҳир  Хайруллоев ба  уҳда дорад.

Август 28, 2014 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!