Муборизи бесаводӣ дар Тоҷикистон кист?
Душанбе, 5.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). –«Нақши Шириншоҳ Шоҳтемур дар рушди маорифи Тоҷикистон» таҳти чунин унвон китоби нав бо теъдоди ҳазор дона ба нашр расид.Китоб ба қалами дотсенти Донишгоҳи давлатии Хоруғ, номзади илмҳои таърих, узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Қурбон Аламшоев тааллуқ дорад.Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми кишвар ва Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи илмҳои Тоҷикистон ин китобро ба нашр расонданд.Китоби мазкур ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур бахшида шуда, дар он аз нақши Ш. Шоҳтемур дар таъсиси нахустин мактаби дунявии шӯравӣ дар деҳаи Хоруғ дар соли 1992, ифтитоҳи аввалин донишгоҳи олии тоҷикӣ «Таджикинпрос» ё Институти маорифи тоҷикӣ дар шаҳри Тошканд ва таъсиси Институти хоҷагии қишлоқ дар шаҳри Душанбе ҳикоят карда мешавад. Шириншоҳ Шоҳтемур дар тӯли солҳои дароз сардори ситоди ҷумҳуриявии маҳви бесаводӣ буд ва барои саросар босавод кардани тоҷикистониён хизматҳои арзанда кардааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






