Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Ли Чжентсзян
Душанбе, 5.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ноиби директори ситоди генералии Агробанки Ҷумҳурии мардумии Чин Ли Чжентсзян мулоқот кард.Зимни сўҳбат маҷмуи масъалаҳои марбут ба таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, хусусан дастгирии хоҷагиҳои кишоварзии маҳаллӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои таъйиноти кишоварзӣ ва дар ҳамин замина афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии ҳосили нав ва хушкмева аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Тавре таъкид гардид, тақвияти ҳамкориҳои Агроинвестбонки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агробанки Ҷумҳурии мардумии Чин ба манфиати ҷонибҳо буда, дар оянда ба болоравии муомилоти тиҷоратӣ ва ба роҳ мондани амалиётҳои муштараки бонкӣ бештар дар соҳаи кишоварзӣ мусоидат менамояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






