Мулоқоти Қодири Қосим бо Аббосалӣ Ҳасанов
Душанбе, 5 .08.2014 (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат) – Соли 2014 баргузории бизнес форум бо иштироки соҳибкорони тоҷику озарӣ, ташкили намоишгоҳи молҳои саноатии Озарбойҷон, ҳамчунин ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ миёни Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон ва Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора зимни мулоқоти Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Ҳасанов бо раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон Қодири Қосим иттилоъ дода шуд. Зимни вохӯрӣ А.Ҳасанов ва Қодири Қосим ҳамчунин масоили сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон- Тоҷикистонро муҳокима намуданд.Махсусан, роҳбари кумита зикр намуд, ки ҷониби Туркманистон аллакай сохтани қитъаашро ба итмом расонид ва Бонки ҷаҳонӣ маблағгузории сохтмони қитъаи роҳи оҳани Афғонистонро ба ӯҳда гирифтааст.Хамсӯҳбатон ҳамчунин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи геология мубодилаи афкор намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






