Мулоқоти Н.Зоҳидӣ бо И.Маҳсулӣ
Душанбе, 07.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- 6 августи соли 2014 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Муовини вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Исмоили Маҳсулӣ баргузор гардид.Зимни мулоқот тарафайн оид ба роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон, инчунин масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии қарибулвуқӯи Раиси ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон табодули назар карданд.Ҳамчунин ҷонибҳо раванди иҷрои қарорҳои иҷлоси нуҳуми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро мавриди муҳокима қарор доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






