Мулоқоти С.Аслов бо Лайлӣ Моширӣ

Август 28, 2014 08:42

Душанбе, 28.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- 27 августи соли 2014 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов хонум Лайлӣ Мошириро ба муносибати ба итмом расидани фаъолияти корияш ба ҳайси Роҳбари Намояндагии Хазинаи Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот Л. Моширӣ вазирро бо дастовардҳои намояндагӣ ва ҳадафҳои ояндаи он шинос кард.
Дар навбати худ вазири корҳои хориҷӣ аз фаъолияти хонум Моширӣ ва саҳми ӯ, инчунин мусоидати Хазинаи Кӯдакони СММ ба Ҳукумати кишвар дар таъмини ҳимоя ва кумак ба кӯдакон дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард ва дар фаъолияти минбаъдаи мавсуф муваффақият орзу намуд.

Август 28, 2014 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст