Мулоқоти Ш.Саид бо намояндагони DONGFANG ELEKTRIC
Душанбе, 25.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). – Чанде пеш раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо намояндагони ширкати байналхалқии энергетикии DONGFANG ELEKTRIC (ҶМЧ) бо роҳбарии муовини директори генералии ширкат Куа Юотжи мулоқот анҷом дод.
Мусоҳибон дар ҷараёни мулоқот вазъу дурнамои ҳамкории дуҷониба дар бахши энергетикаро мавриди муҳокима қарор доданд.
Тавре ки дар Палатаи савдо ва саноати ҶТ қайд намуданд, зимни мулоқот аз рушди муваффақонаи муносибатҳои дӯстонаи байни Тоҷикистону Чин дар бахшҳои сиёсат, иқтисодиёт, энергетика, нақлиёт ва бисёр соҳаҳои дигар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Куа Юотжи зимни суханрониаш чунин гуфт: «Мо умедворем, ки кишварҳоямон бо саъю кӯшишҳои якҷоя метавонанд ҳам дар бахши энергетика ва ҳам дар соҳаи манбаъҳои неруи алтернативӣ ба натиҷаҳои назаррас муваффақ шаванд.
Шариф Саид дар навбати худ Чинро шарики боътимод дар соҳаи энергетика, сохтмон, таҷдиду навсозии роҳҳо, пулу нақбҳо, алоқаи телевизион, кишоварзӣ ва тандурустӣ хонд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






