Мулоқоти Шариф Раҳимзода бо ҳайати эронӣ
Душанбе, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи 26-уми август вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода бо ҳайати соҳибкорони эронӣ таҳти роҳбарии раиси палатаи савдо, саноат, хоҷагии қишлоқ ва маъдании Эрон Гуломхусайн Шофеи мулоқот намуд.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисоди ҶТ, Ш. Раҳимзода зикр намуд, ки ташрифи ҳайати соҳибкорони эронӣ метавонад дар рушди алоқаҳои тиҷоратию иқтисодии миёни Тоҷикистону Эрон саҳми арзанда гузорад.
Бино ба гуфтаи Г. Шофеи ҳадафи ташрифи ҳайати эронӣ ба Тоҷикистон вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои судманди дуҷониба мебошад.
Дар рафти мулоқот намояндагони ҳайати эронӣ оид ба фаъолияти ширкатҳояшон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ маълумоти мухтасар доданд.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо нисбат ба нақшаҳо ва пешгӯиҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат табодули афкор намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






