Мулоқоти Шариф Саид бо Бандар Муҳаммад Ҷамил
Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). – «Аҳли тиҷорати кишварҳои мо бояд бо назардошти неруи бузурги истифоданашуда ҳамкориро рушду густариш диҳанд», — зикр намуд раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид дар ҷараёни мулоқот бо сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Бандар Муҳаммад Ҷамил, ки 27 август баргузор гардид.
Раиси ПСС ҶТ зимни суханрониаш имконоти зиёдеро, ки барои рушду ҳамкорӣ дар бахши инфрасохтор, тиҷорат, низоми бонкию молиявӣ, саноати нафту кимиё, энергетика, сохтмон ва ғайра мавҷуд аст, хотирнишон сохт.
Ҷонибҳо вазъи имрӯза ва дурнамои равобити тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро бо назардошти вусъат бахшидани ҳамкории соҳибкорони ҳар ду кишвари дӯст мавриди муҳокима қарор доданд.
Бандар Муҳаммад Ҷамил иброз дошт, ки барои рушди равобити тоҷирон ва хусусан рушди ҳамкории соҳибкорон ва ташкили намоишгоҳу ярмаркаҳо чораҳои мушаххас хоҳанд дид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






