Мулоқоти Сумангул Тағойзода бо Дмитрий Чернейко

Август 28, 2014 09:17

 
Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-   Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул  Тағойзода ҳайати намояндагони ҳукумати Санкт-Петербурги Федератсияи Русияро  бо роҳбарии раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург  Дмитрий Чернейко ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои сомонаи вазорат, тарафҳо зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба самтҳои вазорат, бахусус ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Русия, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар литсейҳои касбӣ-техникии вазорат ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъдаро мавриди муҳокима қарор доданд.
 Баъд аз мулоқот  намояндагони ҳукумати Санкт-Петербург  аз Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дидан намуда, бо фаъолияти он аз наздик шинос гардиданд.
 
 

Август 28, 2014 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш