Мушовири «Poyry Energy Ltd» оид ба ташхиси Роғун сӯҳбат мекунад
Душанбе,07.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Интизор меравад, ки 16 август дар Душанбе вохӯрии мушовири ширкати швейтсарии «Пойри Энерҷӣ»/ «Poyry Energy Ltd»/ бо намояндагони аҳли ҷомеаи пойтахт баргузор гардида, дар он масъалаи марбут ба натиҷаҳои ҳисоботи корҳои тадқиқотии баҳодиҳии таъсири экологӣ ва иҷтимоии лоиҳаи НБО-и Роғун мариди баррасӣ қарор дода мешавад. Ин вохӯрӣ тибқи қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси шаҳри Душанбе дар асоси муроҷиати гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Бояд тазаккур дод, ки коршиносони ширкати «Пойри Энерҷӣ» зери сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ ба ташхиси фаннӣ, иҷтимоӣ ва зистмуҳитии Роғун машғул аст. Тибқи қарори М. Убайдуллоев, Ҷамшед Мансуров -муовини раиси шаҳр ва Фирӯз Улмасов -роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр муваззаф гардидаанд, ки дар якҷоягӣ бо роҳбарони сохторҳои марбутаи пойтахт иҷрои саривақтии нақша — чорабиниҳои тасдиқгардидаро таъмин намоянд. Ҳамзамон ба Раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Ҷӯрахонов С. Қ.) дастур дода шудааст, ки амнияти баргузории вохӯриро таъмин созанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






