Мусобиқа минтақаҳоро ба ҳам меоварад
Душанбе, 5.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз 2 то 6-уми августи соли ҷорӣ мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ оид ба бокс ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев оғоз гардид. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни суханрониаш афзуд, ки баргузории мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ оид ба бокс, ки ҳамасола дар вилояти Суғд доир мегардад, барои дӯстии мардумони минтақа нақши назаррас дорад.Маврид ба зикр аст, ки густариши ҳамаҷониба ва нуфузи бокс дар вилоят солҳои 70-уми асри 20 бо баргузории мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ бахшида ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев дар шаҳри Хуҷанд афзун гардид ва мусобиқаи имсола бори 32-ум аст, ки гузаронида мешавад.Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилоят дар мусобиқаи имсола дастаҳои варзишгарон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон — 50 нафар, Федератсияи Русия — 5 нафар, Ҷумҳуриҳои Қирғизистон — 12 нафар, Қазоқистон — 10 нафар ва Ӯзбекистон — 9 нафар ширкат доранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






