Мусобиқоти ҷаҳон аз рӯи дзюдо

Август 27, 2014 11:21

Душанбе, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар»). – 25  август  дар  шаҳри Челябинск бори нахуст дар таърихи  Федератсияи  Русия  мусобиқоти  ҷаҳон  аз рӯи  гӯштини  дзюдо оғоз  ёфт,  ки дар  он  751  варзишгари  120  кишвари  ҷаҳон  иштирок   менамояд.
 Мувофиқи  хабари Федератсияи  дзюдои  Тоҷикистон  ба  ҳайати  дастаи  мунтахаби  кишвар  9  варзишгар,  аз ҷумла  Аминов  Қабатулло  (вазни  60 кг),  Абдушарифов  Расул (вазни  66 кг), Қаландаров  Самандар  (вазни  73  кг),  Расулов  Саидмухтор,  Раҳимов  Фарҳод (вазни  81  кг),   Устопириён  Комроншоҳ, Саидов  Саидҷалол (вазни  90 кг), Қурбоналиев  Дадахон (вазни  100 кг),  Абдураҳмонов  Муҳаммадмурод ва  Парвиз  Собиров (беш  аз  100  кг)  шомиланд.  

Август 27, 2014 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш